30 июн. 2025
Омӯзиши дохилӣ дар Пайванд Гуруҳ: сармоягузорӣ ба рушди кормандон — кафолати хидматрасонии босифат

Омӯзиши дохилӣ дар Пайванд Гуруҳ: сармоягузорӣ ба рушди кормандон — кафолати хидматрасонии босифат
Дар доираи сиёсати рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, ҶДММ ТАҚХ «Пайванд Гуруҳ» омӯзиши дохилиро барои кормандони Марказҳои хизматрасонӣ ва агентҳои ташкилот, ки хизматрасониҳои маблағгузории хурдро анҷом медиҳанд, баргузор намуд.

Ҳадафи асосии ин омӯзиш — такмили донишу малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши ниёзҳои мизоҷон ва беҳтарсозии сифати хидматрасонӣ мебошад.

🔍 Самтҳои муҳими омӯзиш:
Омӯзиши усулҳои муайянсозии ниёзҳои мизоҷон — иштирокчиён омӯхтанд, ки чӣ гуна ниёзҳои муштариёнро дуруст фаҳманд ва ба онҳо маҳсулоти воқеан муфид пешниҳод намоянд;

Мубодилаи таҷриба ва роҳҳои ҳалли амалӣ — омӯзиш ба ҳайси платформае барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи ҳолатҳои воқеӣ ва ёфтани роҳҳои муассири кор бо мизоҷон хизмат кард;

Таҳкими фарҳанги мизоҷпарварӣ — ба ташаккули муносибати эҳтиромона ва масъулона нисбати ҳар як муштарӣ диққати махсус дода шуд.

Мо ба он эътимод дорем, ки сармоягузорӣ ба рушди кормандон, дар ниҳояти кор, ба баланд шудани сатҳи хидматрасонӣ меорад. Омӯзиши пайваста ва рушди касбии кормандон — заминаи асосии расидан ба ҳадафи стратегии мост: таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, устувор ва муосири молиявӣ барои тамоми мизоҷон дар саросари кишвар.

Пайванд Гуруҳ ҳамеша ҷонибдори рушд ва такмил мебошад. Мо хуб медонем: вақте як корманд рушд мекунад — тамоми даста якҷоя ба сатҳи баландтар мебарояд.

 

Img 3167

Img 3169

Img 3152

 

Img 3153

Img 3151

 

Категория

Ҳама категорияҳо

Хабарҳои монанд

Ҳамаи хабарҳоро дидан
Тренинги дохилӣ барои таҳкими масъулият ва амнияти молиявӣ дар Пайванд Гуруҳ
Тренинги дохилӣ барои таҳкими масъулият ва амнияти молиявӣ дар Пайванд Гуруҳ Бо дарки аҳамияти таъмини амнияти молиявӣ ва зарурати баланд бардоштани сатҳи масъулияти шахсӣ ва касбии кормандон, дар Пайванд Гуруҳ тренинги дохилӣ баргузор гардид.
10 июн. 2025
Тренинги омӯзишӣ оид ба пешгирии қаллобии молиявӣ ва ҳифзи сирри бонкӣ
Тренинги омӯзишӣ оид ба пешгирии қаллобии молиявӣ ва ҳифзи сирри бонкӣ 17-уми апрели соли 2025, Пайванд Гуруҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон дар самти амнияти молиявӣ ва риояи сирри бонкӣ, тренинги дохилисозишавӣ баргузор намуд.
21 мая 2025
Диққат, ҳамватанони азиз! 
Аз пулҳои қалбакӣ эҳтиёт шавед! Барои Шумо маълумоти муфидро пешниҳод менамоем, ки дар он намуди пулҳои аслиро нишон медиҳем. Аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ҳамеша пулҳои худро санҷида, аз аслияташ боварӣ ҳосил намоянд. Дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок ба наздиктарин сохтори ВКД, КДАМ ё кормандони мақомоти мазкур  хабар дихед. Ин хабарро ба наздикони худ фиристед, то онҳо низ бохабар бошанд!
29 нояб. 2024