21 мая 2025
Тренинги омӯзишӣ оид ба пешгирии қаллобии молиявӣ ва ҳифзи сирри бонкӣ

Тренинги омӯзишӣ оид ба пешгирии қаллобии молиявӣ ва ҳифзи сирри бонкӣ
17-уми апрели соли 2025, Пайванд Гуруҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон дар самти амнияти молиявӣ ва риояи сирри бонкӣ, тренинги дохилисозишавӣ баргузор намуд.

Ҳадафҳои асосии чорабинӣ иборат буданд аз:

Пешгирии саривақтии ҳолатҳои қаллобии молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мизоҷон;

Таъмини амнияти иттилооти шахсии мизоҷон;

Тақвияти масъулиятшиносии кормандон дар самти риоя ва ҳифзи сирри бонкӣ, пешгирии ифшои маълумот ба шахсони сеюм.

Мо итминон дорем, ки ҳифзи боэътимоди молиявӣ аз дастае оғоз меёбад, ки дониш ва малакаи амал кардан дар ҳолатҳои масъулиятнокро дорад.

 

Photo 1 2025 05 21 11 36 39

Photo 2 2025 05 21 11 36 39

Photo 3 2025 05 21 11 36 39

 

 

Категория

Ҳама категорияҳо

Хабарҳои монанд

Ҳамаи хабарҳоро дидан
Диққат, ҳамватанони азиз! 
Аз пулҳои қалбакӣ эҳтиёт шавед! Барои Шумо маълумоти муфидро пешниҳод менамоем, ки дар он намуди пулҳои аслиро нишон медиҳем. Аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ҳамеша пулҳои худро санҷида, аз аслияташ боварӣ ҳосил намоянд. Дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок ба наздиктарин сохтори ВКД, КДАМ ё кормандони мақомоти мазкур  хабар дихед. Ин хабарро ба наздикони худ фиристед, то онҳо низ бохабар бошанд!
29 нояб. 2024