Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон
Муштариёни ҶДММ ТАҚХ «Пайванд Групп» ҳуқуқ доранд оид ба сифати хизматрасонии ТАҚХ шикоят/пешниҳод гузоранд. Ҳамаи муроҷиатҳои шумо аз ҷониби кормандони мо ҳатман баррасӣ карда мешаванд.
Тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо
— Муроҷиатҳои хаттӣ ба воситаи экспресс (курьер), почта, ҳангоми қабули шахсӣ, бо роҳи дохил намудани эродҳо ва (ё) таклифҳо ба китоби арзу шикоятҳо пешниҳод карда мешаванд. Дар Ташкилот китоби таклифу пешниҳодҳо нигоҳ дошта мешавад ва бо дархости аввалини шаҳрванд пешниҳод карда мешавад.
— муроҷиатҳои шифоҳӣ дар вақти кабули шахсӣ пешниҳод карда мешаванд. Қабули шахсӣ аз ҷониби роҳбарияти Ташкилот ва роҳбарони филиалҳо тибқи ҷадвали қабул дар воҳидҳои Ташкилот ҷойгир карда мешавад. Дархостҳои шифоҳӣ инчунин тавассути занг ба Маркази тамоси Ташкилот бо рақамҳои 5505, 988886161 қабул карда мешаванд.
— Муроҷиатҳои электрониро метавон ба саридораи ташкилот тавассути почтаи электронии info@payvand.tj ё тавассути бахши махсуси сомона ирсол кард.
Ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон
+992 44 610 45 45
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон (оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон)
+992 44 600 1520
Рӯзҳои қабули роҳбарият
Панҷшанбе - Ҷумъа 9:00 - 11:00
Шахси масъул: Сардори шуъбаи робита бо ҷомеъа - Сайдуллаева Манижа
Маркази тамос : 988886161; 5505