Баррасии муроҷиатҳои ташкилотҳо
Матни муроҷиат бояд қобили хондан бошад. Дархостҳои дастнавис бояд бо хатти равшан ва фаҳмо навишта шаванд. Истифодаи калимаҳо ё ибораҳои қабеҳ ё таҳқиромез дар паёмҳо иҷозат дода намешавад.
Муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон бояд номи шахси ҳуқуқӣ ё воҳидҳои он, номи пурраи шаҳрванд, суроғаи ӯ, рақами телефон, баёнияи моҳияти муроҷиат ва имзои шахсиро дошта бошанд.
Аризаҳои электронӣ бояд ба талаботҳои дархостҳои хаттӣ ҷавобгӯ бошанд ва инчунин суроғаи почтаи электронии довталабро дар бар гиранд. Ҷавобҳо ба почтаи электронӣ ба таври электронӣ фиристода мешаванд
Ба диққати шумо мерасонем, ки Ташкилот аризаҳоеро, ки ба талабот барои муроҷиатҳо ҷавобгӯ нестанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» баррасӣ наменамояд.
Мӯҳлати баррасии ариза тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» аз лаҳзаи ба қайд гирифтан дар Ташкилот оғоз мегардад.
Ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон
+992 44 610 45 45
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон (оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон)
+992 44 600 1520
Рӯзҳои қабули роҳбарият
Панҷшанбе - Ҷумъа 9:00 - 11:00
Шахси масъул: Сардори шуъбаи робита бо ҷомеъа - Сайдуллаева Манижа
Маркази тамос : 988886161; 5505