10 июн. 2025
Тренинги омӯзишӣ оид ба саводи молиявӣ аз ҷониби “Пайванд Гуруҳ” дар ДДФЭТ баргузор гардид.

Тренинги омӯзишӣ оид ба саводи молиявӣ аз ҷониби “Пайванд Гуруҳ” дар ДДФЭТ баргузор гардид
29 майи соли 2025, бо ташаббуси Пайванд Гуруҳ, дар Донишгоҳи давлатии молиявию иқтисодии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи саводи молиявӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ — баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён аз масоили молиявӣ, тақвияти малакаҳои идоракунии буҷаи шахсӣ, истифодаи дурусти хизматрасониҳои рақамӣ ва ҳифзи амнияти маълумоти шахсӣ дар муҳити рақамӣ буд.

Дар ҷараёни тренинг мавзӯъҳои зерин баррасӣ гардиданд:
Чӣ гуна буҷаи шахсиро дуруст идора кардан ва мақсадҳои молиявиро муайян намудан;

Моҳият ва тарзи истифодаи пардохтҳои онлайн ва воситаҳои пардохтии рақамӣ;

Шинохти амалҳои қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои муҳофизати маълумоти шахсӣ;

Нақши саводи молиявӣ дар таъмини амнияти шахсӣ ва рушди устувори ҷомеа.

Машғулият дар фазои гуфтугӯи кушода сурат гирифт: донишҷӯён фаъолона иштирок карда, саволҳо пешниҳод намуда, таҷрибаи шахсии худро бо дигарон тақсим карданд.

💬 «Мо итминон дорем, ки интиқоли дониш танҳо омӯзиш нест — ин сармоягузорӣ ба насли ҷавоне мебошад, ки ояндаи кишварро месозад», — зикр намуданд намояндагони Пайванд Гуруҳ.

Мо ба роҳбарияти донишгоҳ ва иштирокчиёни фаъол изҳори сипос менамоем — барои таваҷҷуҳ, ҳавасмандӣ ва ҳамкории самимӣ.

Пайванд Гуруҳ минбаъд низ чунин ташаббусҳоро идома хоҳад дод, зеро ба рушди саводи молиявии ҷомеа ҳамчун яке аз омилҳои муҳими эътимодсозӣ ва рушди устувори низоми бонкӣ бовар дорад.

Img 2544

Img 2549

Img 2536

Photo 2 2025 06 10 10 26 03

Img 2540Img 2541

Photo 1 2025 06 10 10 26 03

Категория

Ҳама категорияҳо

Хабарҳои монанд

Ҳамаи хабарҳоро дидан
📚 Teзис аз тренинги Пайванд Гуруҳ доир ба Моҳи саводнокии молиявӣ (GMW)
Бо ташаббуси Пайванд Гуруҳ ва дар доираи чорабиниҳои "Моҳи саводнокии молиявӣ" (Global Money Week), тренинг омӯзишӣ барои ҷавонон баргузор гардид.
20 мая 2025